Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аз ҷониби кормандони БДА-и вилоят аз рӯзи 22 ноябр то 1 декабри соли ҷорӣ амалиёти “Бачаҳо” баҳри пешгирии садамаҳои роҳу нақлиёт баргузор гашта истодааст.
Нозири гуруҳи ташвиқотиву тарғиботии Шуъбаи БДА-и РВК дар вилояти Хатлон лейтенанти калони милитсия Ҳисоризода Сафия гуфт, аз аввали сол то ин ҷониб бо иштироки кӯдакону наврасон дар вилояти Хатлон 60 ҳодисаи роҳу нақлиёт ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷаи он 36 нафар ба ҳалоқат расида, 27 каси дигар маҷруҳ шудаанд.
Иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ, баланд бардоштани интизоми иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ ва пешгирии ҳодисаҳои нақлиётӣ бо иштироки кӯдакону наврасон дар вилояти Хатлон аз ҷониби кормандони БДА-и вилоят аз рӯзи 22 ноябр то 1 декабри соли ҷорӣ амалиёти мақсадноки “Бачаҳо” гузаронида шуда истодааст.
Кормандони БДА-и вилоят аз ҳамаи падару модарон, омӯзгорон ва дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ эҳтиромона хоҳиш намуданд, ки кӯдакону наврасонро дар кучаву роҳҳои автомобилгард бе назорат нагузоранду ба онҳо талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳро омӯзонанд.