Дар 9 моҳи соли равон вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ҳамчун муҳоҷири меҳнатӣ ба Хатлон кам шудааст. Ба гуфти масъулин омили камшавии муҳоҷирони хориҷӣ кам будани субектҳои хоҷагидорӣ мебошад.

Ба иттилои Исфандиёр Сироҷов, муовини сардори Раёсати хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон, мувофиқи қонунгузории кишвар ба 48 нафар шаҳрванди хориҷӣ иҷзоаи кор дар ҳудуди вилоят дода шудааст, ки нисбати ҳамин давраи гузашта 8 нафар кам мебошад.

– Дар вилояти Хатлон 35 субъекти хоҷагидор иҷозаи ҷалби қувваи кории хориҷиро дастрас кардаанд. Дар ин субъектҳо 671 нафар хориҷӣ кору фаъолият мекунанд. Дар баробари хориҷиҳо 4 ҳазору 815 нафар мардуми маҳаллӣ низ дар субъектҳо кор мекунанд. Аз ин шумора 287 нафари онҳоро муҳоҷироне, ки вурудашон ба кишварҳои хориҷии қабулкунанда манъ аст, ташкил медиҳанд”, -гуфт Сироҷов.

Ӯ афзуд, ки дар 9 моҳи сипаригардида 14 ҳолати вайрон кардани қоидаҳои будубоши хориҷиҳо дар Тоҷикистон ошкор карда шуд, ки нисбат ба ҳамаи ҳолатҳо санадҳои маъмурӣ тартиб дода шудаанд. Аз ин ҳисоб 23 ҳазору 680 сомонӣ ба буҷаи давлат ворид карда шудааст.

Мавлуда Гулова,

“Фараж”, Хатлон

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь