Вазири корҳои дохилии Туркия Алӣ Йерликай аз боздошти 47 нафар дар робита ба ҳамла ба калисо дар Истанбул хабар дод. Тавре аз ин ниҳод хабар доданд, гумонбарони ҷиноят шаҳрвандони хориҷӣ мебошанд, ки яке шаҳрванди Тоҷикистон ва дигаре аз Русия будааст.

Гуфта мешавад, ҳардуи онҳо узви гуруҳи террористии ДОИШ будаанд. Айни замон гумонбарон бозпурсӣ мешаванд.

Ҳодиса шоми якшанбеи 28-уми январ дар калисои католикии Марями ноҳияи Сариёр дар қисмати аврупоии шаҳр ҳангоми намоз рух додааст. Дар тирпарронӣ дастикам як нафар кушта шудааст. Дар ҷои ҳодиса тамоми хадамоти изтирории шаҳр кор мекунанд, ҳолатҳои ҳодиса рӯшан карда мешаванд.

Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия, дар робита ба марги як шаҳрванд дар натиҷаи ҳамла ба калисо изҳори таслият кард.

«Айни замон тамоми сохторҳои қудратии мо сафарбар шудаанд ва тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳанд. Бовар дорам, ки гумонбарон ба зудӣ дастгир мешаванд”, – гуфт ӯ.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь