Дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон нақшаи даъвати ҳарбӣ ба сафи Қуваҳои Мусалаҳи кишвар дар рӯзи аввали даъват пурра иҷро гарида, ба аксар даъватшавандагон шаҳодатномаи ронандагӣ тақдим карда шуд.

Аз макази матбуотии раиси ноҳияи мазкур итилоъ доданд, ки дар ҳудуди комендатураи сарҳадии қисми низомии Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар маркази ноҳияи Фархор, маросими гусели наваскарон бо инъикоси воқеии руҳияи хештанншиносию ватанапарварӣ баргузор гардид.

Ноҳияи Вахш низ дар рӯзи аввали даъвати навҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар нақшаро бо сарбаландӣ таъмин кард. Ин дуюмин ноҳияи вилояти Хатлон аст, ки аз иҷрои даъвати ҷавонон ба артиш хабар медиҳанд.

Аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш хабар доданд, ки дар рȳзи аввали сафарбаркунии наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ноҳияи Вахш яке аз аввалинҳо шуда аз иҷрои нақшаи даъват баромад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь