Дар майдони Истиқлоли шаҳри Душанбе ба муносибати соли нави мелодии 2023 арчаи солинавӣ насб карда шуд. Баландии он 30 метр ва паҳноияш 17 метрро ташкил медиҳад. Дар ин бора хадамоти матбуоти раиси шаҳри Душанбе хабар дод.

Баҳри фароғат ва тамошои сокинону меҳмонони пойтахт дар атрофи арча унсурҳои ороишии гуногуни барқӣ-иллюминатсонӣ, аз қабили дарвозаҳои рамзии шаҳраки солинавӣ аз се тараф, фаввораҳо бо навиштаҷоти «2023», аркҳои гуногуншакл, бозичаҳои калонҳаҷм, арчаҳо ва дарахтҳои гуногун, одамчаҳои барфӣ, селфигӯшаҳо, хонаи бобои барфӣ, персонажҳои аниматсионӣ аз филмҳои тасвирӣ, чархофалакҳо ва ғайраҳо гузошта шудаанд, ки дар ҳақиқат ба як шаҳраки зебо ва дилрабои солинавӣ табдил ёфтааст, омадааст дар хабарномаи хадамоти матбуотӣ.

Маврид ба зикр аст, ки дар майдони Истиқлол барои сокинон 22 дӯкони тӯҳфаҳову хӯрокворӣ насб карда шудаанд. Тавре “Ховар” хабар медиҳад, дар назар аст шаби соли нав дар майдони Истиқлол барномаи консертӣ бо иштироки сарояндагони кишвар баргузор гардад.

Дар дигар ноҳияҳои пойтахт низ арча насб карда шудааст. Дар шаҳри Хуҷанд низ дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд аз насби арчаи идона абар дод, ки он 20 метр баландӣ ва 9 метр паҳноӣ доштааст.

Ба фарқ аз солҳои қабли имсол арчаро на дар майдони Дӯстӣ балки дар майдони Истиқлол насб карданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь