Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон 8 кафедраҳои варзишӣ фаъолият дорандд, ки дар ин кафедраҳо аз рӯи 31 ихтисоси варзишӣ донишҷӯён таълиму тармим мегиранд, 600 нафар дар ихтисоси каратэ ва 200 нафар ҷавонон дар ихтисоси волейбол таҳсил доранд, ки ин намуди варзиш миёни ҷавонони вилояти Бадахшон талаботи зиёд дорад, гуфт ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон Сафаров Шодӣ дар нишасти хабарӣ.
Кафедраи «Намудҳои гуштин» озод, дзю-до самбо, юнонӣ-румӣ, кафедраи «Намудҳои варзиши миллӣ», гуштингирӣ, камарбандӣ, чавгонбозӣ, шоҳмот, шашки, кафедраи «Бозиҳои варзишӣ» волейбол, туби дастӣ, баскетбол, тенниси рӯи миз, кафедраи «Гимнастика», кафедраи «Сайёҳӣ ва менеҷмент» кӯҳнавардӣ, сайёҳии кӯҳӣ,ташкили корҳои оммавӣ ва солимгардонӣ, кафедраи «Варзиши сабук» гурзпартоӣ, гулулапартоӣ, ҷаҳидан ба баландӣ, ҷаҳидан ба дарозӣ ва ғайра, кафедраи Якҳарбаи шарқӣ ва намудҳои риштаҳои амалӣ» таэкванддо, таквадо, каратэ-до, зурозмоиҳои зурозмоиҳои униворсиалӣ, бокс, вазнбардорӣ тирпарронӣ камонварӣ, кафедраи «Футбол» футбол,футболи хурд ва «Шиноварӣ» шиноварӣ, қаиқронӣ.