Дар бинои Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон оид ба фаъолияти таълимию тарбиявӣ, илмию байналмилалӣ ва хоҷагидорию иқтисодии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар соли 2021 нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, Убайдулло Асрорзода зимни нишасти матбуотиаш зикр намуд, ки аз санаи 1 сентябри соли 2021 бо ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Донишгоҳ сурат гирифта, 2 бинои нави таълимӣ мавриди истифода қарор шуд.
Ифтитоҳи биноҳои наву замонавӣ боис шуд, ки дар Донишгоҳ 9 лабораторияи таълимӣ, китобхонаи илмӣ-электронии муосир, толори маҷлисгоҳ барои 600 нафар, инчунин 37 синфхона ва 22 утоқи кори ташкил гардид. Шумораи ҷойҳои нишаст дар Донишгоҳ ба 7557 адад расонида шуд, ки нисбат ба соли гузашта 3061 адад зиёд мебошад.
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 январи соли 2022, таҳти тақами 17 ба донишкада мақоми муассисаи таълимии байналмилалӣ дода шуда, Муассисаи давлатии «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» номгузорӣ карда шуд.