Дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон рӯзи якуми май нахустин мусобиқаи байналмилалии парапланеризм барои дарёфти Ҷоми Пешвои миллат баргузор мегардад.

Аз Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон иттилоъ доданд, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар яке аз мавзеъҳои хушманзари ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон мусобиқаи байналмилалии парапланерӣ барои дарёфти «Ҷоми Президенти Тоҷикистон-2024» 1-уми майи соли ҷорӣ баргузор мегардад.

Гуфта шуд, ки айни ҳол ин мавзеъ намояндагони 8 кишвари ҷаҳон иштирок дошта тамринҳо идома доранд. Барои иштирокчиён тамоми шароит муҳайё аст.

Парапланеризм як навъ мусобиқаи варзишие аст, ки дар он варзишгарон (чатрбозон) бо воситаи параплан ё парашутҳои махсус дар фазо ба муддатҳои тулонӣ парвоз мекунанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь