Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар, мағозаи “Армуғон” ба кор оғоз кард, ки дар он ҳама намуди маҳсулоти армуғонҳои миллии ҳунармандони тоҷик ба фурӯш гузошта шудаанд.
Аз ҳукумати шаҳр хабар доданд, ки ин аввалин мағозаи армуғон дар шаҳри Бохтар мебошад. Бурҳон Бадалов, соҳибкор гуфт, ки дар мағозаи онҳо беш аз 200 номгӯи маҳсулоти дастии ҳунармандон ба фурӯш гузошта шудааст. Қайд гардид, ки дар он 8 ҳазор армуғони зебои аз гилу чуб, сангҳои қимматбаҳо ва матоъ сохташудаю гулдӯзигашта, пешниҳоди сокинону сайёҳон гардидааст.
Дар даҳ моҳи соли равон беш аз 63 ҳазор сайёҳ аз мавзеъҳои сайёҳии вилоят боздид намудаанд. Дар ин бора аз шуъбаи рушди сайёҳии ҳукумати вилояти Хатлон хабар доданд. Дар ҳамин баробар, шумораи сайёҳони дохилӣ низ рӯ ба афзоиш ниҳода, дар даҳ моҳи соли равон 603 633 сайёҳи дохилӣ аз вилояти Хатлон боздид намудаанд.
Ёдовар шудан ба маврид аст, ки дар ҳудуди вилояти Хатлон 121 меҳмонхона, 139 мавзеи сайёҳӣ, 26 маркази сайёҳӣ ва 22 хатсайри сайёҳӣ мавҷуданд.