Дар шаҳри Бохтар ва ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхиву Кушониён ба 100 кӯдаки навзод шаҳодатномаи ройгон ва дигар туҳфаҳо тақдим карда шуд.

Бахшида ба Рӯзи Президент ва 31-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз ҷониби шуъбаи САҲШ-и шаҳри Бохтар ба 10 кӯдаки навзод шоҳодатномаи ройгон тақдим гардид. Дар ин бора аз САҲШ-и шаҳр иттилоъ доданд.

Ҳамчунин  бо ташаббуси мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Майнисо Ализода дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ба 80 тифлак шаҳодатномаи таваллуд ройгон тақдим карда шуд.

Дар доираи таҷлил аз саннаҳои муҳиму сарнавиштсоз 31-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шурои олӣ ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар беморхонаи марказии ноҳияи Кушониён ба 10 навзод аз ҷониби масъулини бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳия дар вазияти тантанавӣ шаҳодатномаи таввалуд ва тӯҳфаҳои хотиравӣ  тақдим карда шуд, гуфтанд аз САҲШ-и ноҳияи Кушониён

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь