Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон-шаҳри Бохтар дар назар аст, ки рӯзҳои наздик сохтмони ду муассисаи таълимӣ барои 3 ҳазору 680 хонанда дар ду баст оғоз шавад. Ҳамчунин, ҳоло сохтмони ду бинои иловагӣ барои беш аз 1740 хонанда дар ду баст идома дорад.

Аз шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии МИҲД-и шаҳри Бохтар ба “Фараж” иттилоъ доданд, ки дар маҳаллаӣ “Ҳоҷи Шариф” дар масоҳати 3 гектар замин барои 1280 хонанда дар ду баст аз ҷониби “Бунёди миллӣ” муассисаи таълимии бунёд карда мешавад.

Гуфта шуд, ки ҳамчунин дар маҳаллаӣ “Дӯсти”-и шаҳри Бохтар аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукумати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони муассисаи таълимӣ барои 2400 хонанда дар ду баст рӯзҳои наздик оғоз мегардад.

Қайд карда шуд, ки  айни замон  аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ сохтмони бинои иловагӣ дар назди мактабӣ №8  барои 312 хонанда дар як баст ва бинои иловагӣ дар назди мактаби №6 барои 620 хонанда дар як баст идома дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь