Дар​ кӯчаву хиёбонҳои маркази маъмурии вилояти Хатлон-шаҳри Бохтар баҳри пешгирӣ аз партовҳои плостикӣ зарфҳои махсус​ насб карда шуданд.

Сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Бохтар Халилзода Шамсиддин ба “Фараж” хабар дод, ки баҳри тозаву озода нигоҳ доштани шаҳри Бохтар ва​ ҳифзи муҳити зист аз партовҳои пластикӣ рӯзи 4-уми сентябри соли ҷорӣ дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр 12 зарфи махсуси​ ҷамъоварии маводи плостикӣ гузошта шуд.

Қайд гардид, дар назар аст, ки бо дастгирии ҳукумати шаҳр ва ташкилоту идораҳо чунин қуттиҳо дар ҳама кӯчаву хиёбонҳои шаҳр баҳри тозаву озода нигоҳ доштани ҳифзи муҳити зист гузошта шаванд.

Дар ин баробар,​ ҳама сокинон ва меҳмононе, ки вориди шаҳри Бохтар мешаванд, бояд​ партовҳои худро дар ҷойҳои махсус партофта, дар тозагии шаҳр саҳм гузоранд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here