Дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон бо дастгирии МИҲД-и ноҳия барои як  омӯзгор манзили зист бунёд карда шуда, ҳамчунин дар соли 2023-юм ба беш аз 30 омӯзгори ноҳия замини наздиҳавлигӣ дода шуд.

Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун  манзили истиқоматии омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 7-и ҷамоати деҳоти Истиқлол деҳаи Телман сохта мавриди истифода қарор дода шуд.

Манзили истиқоматии пешини омӯзгор Султонова Мавҷуда ба таъмири ҷорӣ ниёз дошт, бинобар ин дар замини наздиҳавлигии ӯ тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон хонаи истиқоматии нав сохта шуд.

Омӯзгорон аз ин дастгириҳои ҳамешагии роҳбарияти ноҳия изҳори хушнудӣ карда, барои дастгирӣ ва дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои  Пешвои миллат изҳори сипосу миннатдорӣ баён карданд.

Боиси қайд аст, ки дар давоми соли 2023, 33 омӯзгори ноҳия бо заминҳои наздиҳавлигӣ таъмин карда шудаанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь