Дар вилояти Хатлон давоми 9 моҳи соли ҷорӣ 1835,6 тонна моҳӣ истеҳсол карда шудааст, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта 301,4 тонна зиёд мебошад.

Аз ҳукумати вилояти Хатлон хабар доданд, ки дар доираи имтиёзҳои пешниҳоднамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи моҳипарварӣ диққати махсус зоҳир карда шуда, шумораи хоҷагиҳои моҳипарварӣ ба 315 адад расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 39 адад зиёд мебошад.

Гуфта шуд, ки ба ин хоҷагиҳо ба масоҳати умумии 2339,5 гектар кӯлу ҳавзҳо вобаста гардида, ба ҳолати 1 октябри соли равон ба миқдори 1835,6 тонна моҳӣ истеҳсол шуд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 301,4  тонна зиёд мебошад.

Қайд гардид, ки айни ҳол дар хоҷагиҳои моҳипарварӣ 2 миллиону 724,7 ҳазор дона моҳича парвариш мешаванд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 561,9  ҳазор донна зиёд буда, ҷиҳати зиёд намудани истеҳсоли моҳӣ мусоидат менамояд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь