Нахуствазири Дания Метте Фредериксен дар нишасти матбуотӣ гуфт, Дания (Донморк) нақша дорад, ки даъвати занонро ба артиш барои баробарии гендерӣ ба роҳ мондаву густариш диҳад.
Илова бар ин, мақомоти Донморк мехоҳанд муҳлати хидмати ҳатмии артишро барои ҳарду ҷинс аз чаҳор ба 11 моҳ афзоиш диҳанд. Тадбирхое, ки хукумат мухокима мекунад, ин зарурати он аст, ки шумораи даъватшавандагон ба 5 ҳазор нафар расонда шавад.
Чунон ки агентии АП хабар медихад, дар айни замон дар Донморк 9000 хизматчии ҳарбии касбӣ ва 4700 даъватшаванда аз таълими ибтидоӣ мегузаранд.
Ҳамаи мардони аз 18-сола боло ба хидмати ҳатмии ҳарбӣ даъват мешаванд, ки тақрибан чаҳор моҳ давом мекунад. Аммо, азбаски Донморк шумораи кофии ихтиёриён дорад, на ҳама даъватшудагон бояд хидмат кунанд, қайд мекунад оҷонсӣ.
«Мо мусаллаҳ мешавем, на ба ин далел ки ҷанг мехохем. Мо мусаллаҳ мешавем, ба хотири он, ки аз шуруи ҷанг пешгирӣ кунем”, гуфт Фредериксен ва қайд кард, ки ҳукумат “баробарии пурраи байни ҷинсҳо”-ро мехоҳад.