3-юми октябр, кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд, ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ дар минтақаи наздисарҳадии деҳаи “Маданият”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов аз воситаи нақлиёти тамғаи “Опел-Зафира”, рақами қайди давлатиаш 0594 DО 02 таҳти ронандагии Т.А. ба миқдори 3 ҳазор дона дафтари истеҳсоли Федератсияи Русия дарёфт карда шудааст.

Зимни пурсиш маълум гардид, ки ин миқдор мол ба шаҳрванд Т.А., соли таваллудаш 1995, истиқоматкунандаи ноҳияи Ҷаббор Расулов, шаҳраки Меҳробод тааллуқ дошта, номбурда моли мазкурро аз деҳаи наздисарҳадии “Маданият”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов, аз як шахси ба ӯ ношиноси шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон, ки бидуни назорати гумрукӣ вориди марзи гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон намудааст, харидорӣ намуда, мехост бе ҳуҷҷатгузории гумрукӣ бо мақсади тиҷорат ба ноҳияи Ҷаббор Расулов интиқол диҳад.

Шаҳрванд Т.А. бо ин кирдори худ аломатҳои ҳуқувайронкунии маъмурии дар моддаи 597-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда, яъне харидани моле, ки бидуни назорати гумрукӣ вориди қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон гардидааст, содир кардааст.

Дар асоси гуфтаҳои боло ва бо дастрасии талаботи моддаҳои 81, 82 ва 86-и Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба шаҳрванд Т.А. мутобиқи моддаи 597-и Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқувайронкунии маъмурӣ оғоз карда шуда, шаҳрванд мувофиқи аъмолаш дар назди қонун ҷавоб хоҳад гуфт.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь