Маркази матбуоти ВКД ҶТ аз ду ҳолати истифода шудани корд дар вақти муноқиша ва дар ҳолати авбошӣ хабар дод, ки боиси ва захмӣ шудани тарафҳо шудааст.

Аз ҷониби кормандони милитсия марди 31-солаи сокини ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шудааст. Номбурда, рӯзи 22-юми декабри соли 2018, тахминан соати 10:00, дар маркази ноҳияи мазкур бо марди 30-солаи сокини ҷамоати деҳоти Оббурдон вохӯрда, бо ӯ даъво роҳ анжохта, бо корд 1 маротиба ба пойи росташ задааст. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино ҷавони 18-солаи сокини кӯчаи Фурӯзони пойтахт муроҷиат кардааст, ки рӯзи 1-уми январи соли 2019, тахминан соати 16:00, дар кӯчаи Хуҷандии пойтахт шахси номаълум аз ҳиссиёти авбошӣ бо олоти халандаю бурранда 1 маротиба ба қафаси синаи ӯ зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Дар натиҷаи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия ҷавони 19-солаи сокини кӯчаи Борбади шаҳри Душанберо бо гумони авбошӣ дастгир кардаанд, ки гумон меравад ин кордзанӣ кори дасти ӯст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь