Қаҳрамони навиштаи мо ҳанӯз аз давраи донишҷӯӣ ва инак тӯли 9 сол аст, ки дар ширкатҳои сайёҳӣ ба ҳайси роҳбалад – тарҷумони забони немисӣ кор мекунад, аммо ду соли охир касбашро иваз кардааст. Ӯ ҳоло ба нафароне, ки мехоҳанд забони олмониро омӯзанд, дарс медиҳад.

Далели касбашро иваз кардани ӯ бо сабаби паҳншавии бемории коронавирус наомадани сайёҳон ба кишвар ва аз ин сабаб кам гардидани манбаи даромади ӯ мебошад.

Сайф Муродов (ном иваз шудааст) ҳам мисли даҳҳо тарҷумони дигар бо дархости ширкатҳои сайёҳӣ ба ҷаҳонгардон ҳам роҳбалад буду ҳам тарҷумон.

– То пайдо шудани бемории COVID-19 кор хеле нағз буд. Бештари рӯзҳо бо сайёҳон будем. Даромадамон ҳам бад набуд. Акнун тӯли қариб 3 сол аст, ки бинобар вазъи имрӯзаи эпидемиологии сайёра, сафари сайёҳон ба ҳама гӯшаву канори олам кам гардид. Мо ҳам аз ин ҳисоб зарар дидем, аммо барои рӯзгузаронӣ курси омӯзиши забони немисиро ба роҳ мондем, – мегӯяд  Сайф Муродов.

Дар идомаи сӯҳбат Сайф мегӯяд, аслан ниятам буд, ки ба чанд нафар ҷавон забони олмонӣ ва роҳбаладиро омӯзам ва ба ҳамин васила ҳам тарҷумон омода созаму ҳам роҳбалад. Зеро на ҳамеша мо ба ҳама гурӯҳҳои сайёҳон  дар вақташ хизмат расонида метавонистем, ҳамзамон ин ҳам як манбаи даромад ба ҷавонон мешуд.

Хурӯҷи бемории коронавирус, пандемии COVID-19, аз ҳама бештар ба соҳаи сайёҳӣ таъсири амиқ гузошт. Баста шудани сарҳадҳо, паҳн гардидани ин беморӣ дар саросари ҷаҳон вуруди сайёҳони хориҷиро амалан ғайриимкон намуд. Меҳмонхонаҳо, ширкатҳои сайёҳӣ, дигар соҳаҳое, ки ба хидматрасонӣ ба сайёҳон машғул буданд, аз даромади маҳрум гардиданд.

Инро дар мисоли шаҳри Панҷакент, ки бо ёдгориҳои беназири таърихӣ, чун Саразми 5500-сола, Панҷакенти қадим, оромгоҳи устод Рӯдакӣ, манзараҳои нотакрори Кӯҳҳои Фон, Кӯли калону Ҳафткӯл, даҳҳо хатсайри ҷолиб, қуллаи Чимтарға, 23 ширкати сайёҳӣ, 4 маркази иттилоотии сайёҳӣ, 10 меҳмонхонаи замонавӣ, 22 хонаи пазироии сайёҳон яке аз марказҳои калони сайёҳии кишвар маҳсуб мешавад, дидан мумкин аст.

Пешниҳоди имтиёз ва танаффус дар пардохти молиёт аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ҳарчанд ширкатҳои сайёҳиро аз муфлисшавӣ ва баста шудан наҷот дод, вале даромади онҳо  ба маротиб поён рафт ва садҳо нафар бе шуғл монданд.

Агар тақрибан ҳисоб кунем, ки дар 23 ширкати сайёҳии дар Панҷакент фаъолиятдошта, 2-4 нафарӣ тарҷумон кор мекарданд, он гоҳ  46 то 90 нафар аз инҳо қариб нисфашон тағйири касб карданд. Табиист, ки даромадашон низ 2-3 баробар кам кардидааст.

Ба рағми ин ширкатҳои сайёҳӣ ҳанӯз умедашонро ба эҳёи ин соҳаи шуғлофар ва фоидаовар накандаанд.

Мадина Бобоева, мудири бахши сайёҳии ҳукумати шаҳри Панҷакекнт, мегӯяд, хушбахтона дар ҳоли ҳозир кам-кам ташрифи ҷаҳонгардон ба Панҷакент оғоз шудааст ва аллакай сайёҳон омада истодаанд.

– Мо умед дорем, ки вазъ беҳтар мегардад ва чун пешина фаъолияти худро идома хоҳем мегӯяд, – гуфт Мадина Бобоева.

Умедворанд, ки бо коҳиш ёфтани хуруҷи бемории вогир, боз шудани сарҳадҳо онҳо ба рушди соҳа муваффақ мешаванд ва зиёни расидаро ба тадриҷ ҷуброн хоҳанд кард.

Ҳукумати кишвар бо қабули қонунҳо, стратегияву барномаҳои давлатӣ, эълони сесолаи “Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, таъсиси Кумитаи рушди сайёҳӣ  бар он аст, ки ин соҳаи дар ҳама кишварҳои ҷаҳон шуғлофар ва фоидаовар дар Тоҷикистон, ки имкониятҳои зиёдро дар ин самт доро аст, рушд кардаву ба як манбаи муҳими ғанӣ гардонидани буҷет, таъсиси ҷойҳои корӣ ва беҳдошти рӯзгори мардум табдил ёбад.  Соли 2018, то оғози пандемӣ, саҳми ин соҳа дар маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар 1,6 дарсад буд.

Танаффуси маҷбурии ширкатҳои сайёҳӣ ва дастандакорони соҳа аз пазироии сайёҳон ба сабаби пандемии коронавирус мавриди баррасии амиқи  вазъу дурнамои ин соҳаи барои иқтисоди кишвар муҳим маҳсуб мешавад.

Хуршед Фозилов

Ин мавод дар доираи лоиҳаи АМВАОМТ «Тақвият додани малакаи рӯзноманигорони ҷавон дар шароити пандемия дар Тоҷикистон», ки аз ҷониби Шуъбаи ташкилоти байналмиллалии  Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон маблағгузорӣ шудаааст, омода гардидааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь