Дунёгир шудани вируси COVID-19, ба ҳама самтҳои соҳаи сайёҳӣ, махсусан, сайёҳии кӯҳӣ, аз ҷумла ба онҳое, ки бо маркабҳо ба сайёҳон хизмат мекарданд, таъсири манфии худро расонд. 

Яке аз нафароне, ки ҳамасола бо маркабҳои худ ба сайёҳон хизмат мерасонд, Мирзо Тӯхсанов, аз мавзеи сайёҳии Артучи шаҳри Панҷакент, мебошад, ки ӯ ҳам инак 3 сол мешавад, дигар чун солҳои пешин аз манбаи даромад маҳрум шудааст.

Мирзо Тӯхсанов

Мирзо Тӯхсанов, бино ба маълумоти худаш, дар пойгоҳи сайёҳиву кӯҳнавардии Артуч хидмат мекард. Баъди кам гардидани рафтуомади сайёҳон ба Артуч, кори ӯ ҳам дар самти туризм суст гардид ва акнун  ӯ бештар ба деҳқонӣ машғул аст.

Агар то ҳамагир шудани вмруси  COVID-19 маркабҳои Мирзо бештар вақт ба кашонидани сайёҳон банд буданду ба соҳиби худ манбаи даромад маҳсуб меёфтанд,  акнун ду чорпои ӯ барои деҳқониаш ва овардани алафу ҳезум хизмат мекунанду бас.

Одатан дар мавзеъҳои сайёҳии баландкӯҳи Фон ҷаҳонгардон барои кашонидани борашон, ё баромадани худашон ба баландиҳо аз хар истифода мекунанд.

“Баъзе аз сайёҳоне, ки монда шудаанд, ё бори вазнин доранд, маркабҳои моро киро мекарданд, то онҳоро ба Кӯли Калон ё кӯли Чуқурак расонем”, – мегӯяд  Мирзо Тӯхсанов.

Дар шаҳри Панҷакент ҳам ба гуфтаи сокинони маҳаллӣ дар ду мавзеи сайёҳӣ  “Артуч” ва “Ҳафткӯл” усулан ҷаҳонгардон ва гоҳ-гоҳе сайёҳони дохилӣ низ аз истифодаи маркабҳои мардуми таҳҷоӣ кор мегирифтаанд.

Бо пайдо шудани вируси ҳамагири COVID-19 ба қавле бозори соҳибони маркабҳо низ касод шудааст. Соҳибони харҳо мегӯянд, иҷораи якрӯзаи маркаб аз 100 то 150 сомонӣ арзиш дошт. Дар ҳоли ҳозир бошад харҳои сокинони мавзеъҳои Артучу Ҳафткӯл ба ҷуз иҷро кардани кори хоҷагӣ дигар фоидае намеоранд.

Бино ба иттилои Мадина Бобоева, роҳбари бахши Кумитаи сайёҳии назди ҳукумати ҶТ дар шаҳри Панҷакент, шумораи дақиқи ашхосе, ки бо маркаб ба сайёҳон хизмат мекарданд, аниқ нест, аале дар ду мавзеъ – Артуч ва Ҳафткӯл имкони пайдо кардани 70-80  ва аз ин ҳам зиёдтар маркаб барои кашонидани сайёҳон мавҷуд аст.

Аз ин шумора гуфтан мумкин аст, ки тақрибан 25-30  нафар сокини маҳаллӣ бо сабаби пандемӣ дар 2-3 сол аз ҳисоби сайёҳӣ натавонистанд даромад бигиранд.

93%-и Тоҷикистонро кӯҳ ташкил медиҳад ва табиист, ки бештари минтақаҳои сайёҳии кишвар дар баландкӯҳ ҷойгиранду пайроҳаҳои душворгузар ҳам доранд. Аз ин рӯ истифода аз аспу маркаб ва ҳатто барзагову қутос дар манотиқи Бадахшон ҳам роиҷ аст.

Мирзо гарчанде ба гуфти худаш соли равон ҳамагӣ 1-2 маротиба сайёҳонро бо маркабҳояш ба Кули Калон бурдаасту халос, вале ӯ умед ба он дорад, ки дар оянда ваъз хуб мегардад ва ӯву ашхосе мисли ӯ боз бо маркаб дар соҳаи сайёҳӣ фаъолият карда рӯзашонро хубтар мегузаронанд.

Хуршед Фозилов

Ин мавод дар доираи лоиҳаи АМВАОМТ «Тақвият додани малакаи рӯзноманигорони ҷавон дар шароити пандемия дар Тоҷикистон», ки аз ҷониби Шуъбаи ташкилоти байналмиллалии  Институти «Ҷамъияти Кушода»- Бунёди мадад дар Тоҷикистон маблағгузорӣ шудаааст, омода гардидааст.
Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь