Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон аз 25 сентябр, соли таҳсил дар мактабҳои Тоҷикистон ба 36 ҳафтаи таълимӣ (барои синфҳои як 35 ҳафта) ва чор чоряк тақсим карда шуд.
Чоряки якум аз 1 сентябр то 31 октябр, чоряки дуюм аз 11 ноябр то 31 декабр, чоряки сеюм аз 11 январ то 20 март ва чоряки чорум аз 1 апрел то 14 июн идома меёбад. Ба ин тартиб, таътили тирамоҳӣ 10 рӯз (аз 1 то 10 ноябр), таътили зимистона 10 рӯз (аз 1 то 10 январ), таътили баҳорӣ 7 рӯз (аз 25 то 31 март) ва таътили тобистона аз 14 июн (барои синфҳои як аз 7 июн) то 31 август идома хоҳад ёфт.
Блоки рекламавӣ