Маркази дипломатияи халқии Ӯзбекистон, ки марбути Созмони Ҳамкории Шанхай мебошад ва мақараш дар шаҳри Тошканд қарор дорад, бахшида ба 20-умин солгарди таъсиси ин созмони бонуфуз чорабинии васеъи фарҳангӣ баргузор намуд. Дар ин бора ба мухбири “Фараж” масъули дафтари матбуоти марказ Пӯлод Саидакбаров иттилоъ дод.

Гуфта шуд, ки 15 июни соли 2001 Ҷумҳурии Мардумии Чин, Федератсияи Русия, Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон байниҳам иттиҳод бастанд ва ба ин созмони минтақавӣ асос гузоштанд.

Баъдан ба узвияти ин созмон Ҳиндустон ва Покистон пазируфта шуданд. Дар айни ҳол 42 дарсади аҳолии курраи замин дар фазои СҲШ зиндагӣ мекунад. Ҳамзамон кишварҳои аъзо-иштирокчии ин созмон 61 дарсади қаламрави Авруосиёро ишғол кардаанд.

– Маркази дипломатияи халқии СҲШ аз рӯи ташаббус ва пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев таъсис ёфтааст. Вай зимни суханронӣ дар нишасти сарони кишварҳои аъзои СҲШ моҳи июни соли 2017 дар шаҳри Остона (ҳоло Нурсултон) ин ташаббусро ироа кардааст,-гуфт Пӯлод Саидакбаров.

Мавсуф афзуд, ки вазифаҳои асосии Маркази дипломатияи халқии СҲШ мусоидат барои таҳкими эътимоди тарафайн ва ҳамсоядории нек, ризоияти байни миллатҳо ва дину ойинҳо, рушди муколамаи байни тамаддунҳо ва густариши робитаҳои фарҳангию гуманитарии кишварҳои аъзои СҲШ мебошад.

Тавре ки ҳамсуҳбати “Фараж” боз тазаккур дод, дар чорабинии бошукӯҳи 20-умин солгарди таъсиси СҲШ сафирони ҷумҳуриҳои аъзои он, аз ҷумла сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷаноби Абдуҷаббор Раҳмонзод ширкат намуд.

– Ин чорабиниро директори Маркази дипломатияи халқии СҲШ Қобилҷон Собиров бо сухани муқаддимавӣ ҳусни ифтитоҳ бахшид. Баъд ҷонишини вазири хориҷаи Ӯзбекистон Ғайрат Фозилов ва Намояндаи хоси президенти Русия дар умури СҲШ, сафири Фавқулодда ва Мухтор  Бахтиёр Ҳакимов нақши ин созмони бонуфуз дар барқарории амну субот дар фазои Авруосиёро хеле муҳим арзёбӣ карданд,-гуфт Пӯлод Саидакбаров.

Таъкид гардид, ки ташкили намоишгоҳи мусаввирон, тарроҳон ва ҳайкалтарошони ҷавон таҳти унвони “Мероси ҷаҳонии СҲШ аз нигоҳи эҷодкорони ҷавони Ӯзбекистон” дар иштирокчиёни ин чорабинӣ таассуроти хубу фаромӯшношуданӣ боқӣ гузошт. Ба гуфтаи Пӯлод Саидакбаров дар ашёи намоишӣ ҷавонон фарҳанг, суннату анъанаҳо, дин ва тарзи ҳаёти мардуми кишварҳои аъзои СҲШ акс кунонида юуданд. Онҳо ин ашёро бо истифода аз тарроҳии графикӣ, санъати ҳунармандӣ ва ҳайкалтарошӣ  сохтаанд.

Аз суҳбати Саидакбаров маълум шуд, ки дар чаҳорчӯби чорабинии мазкур устодони санъати мусиқии классикӣ ва гурӯҳи раққосони “Тӯмор”  барои меҳмонон суруду таронаҳо ва рақсҳои ҷаззоби мардуми соири кишварҳои аъзои СҲШ-ро тақдим намудаанд.

– Бешак, баргузории чунин чорабиниҳои фарҳангиву гуманитарӣ имкон медиҳанд, ки дӯстиву рафоқат ва ҳамкорӣ дар миёни мардуми дафлатҳои аъзои СҲШ беш аз пеш инкишоф ёбад ва мардуми он  бештару беҳтар боҳам наздик шаванд,-гуфт масъули дафтари матбуоти Маркази дипломатияи халқии СҲШ, воқеъ дар шаҳри Тошканд Пӯлод Саидакбаров.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь