Дирӯз иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни мулоқот бо директори ширкати чинии «Ли Сзя Инвестмент» Ли Жангуан тасмим гирифтааст, ки Комбинати маъдантозакунии «Адрасмон», воқеъ дар шимоли кишварро дубора фаъол гардонад.

Роҳбарияти ширкати чинии «Ли Сзя Инвестмент» омодагӣ ва ҳавасмандии худро барои дубора фаъол намудани Комбинати маъдантозакунии «Адрасмон» баён кардааст.

Аз ҷониби мутахассисони чинии ширкати «Ли Сзя Инвестмент», ки имрӯз яке аз ширкатҳои маваффақ дар самти истихроҷи маъдан мебошад, ташхиси Кони Мансури шарқӣ ва Кони Мансури ғарбӣ гузаронида шуда, тибқи хулосаи мутахассисон, барои фоидаовар шудани корхона ҳаҷми истеҳсолот бояд 3 баробар зиёд ва истихроҷи маъдану коркарди он аз 500 ҳазор то ба 1,5 миллион тонна расонида шавад. Барои ин навсозии таҷҳизоти корхона зарур буда, имкон медиҳад, ки дар Комбинати маъдантозакунии «Адрасмон» 1500 ҷойи кори нав ташкил гардад.

Комбинати маъдантозакунии «Адрасмон»-и шаҳри Гулистон аз соли 2013 инҷониб аз фаъолият бозмонда, бо сабаби муфлисшавӣ ба тобеияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь