Муассиси ByteDance Чжан Йимин, ки соҳиби шабакаи иҷтимоии TikTok аст, бо дороии 49,3 миллиард доллар дар садри феҳристи сарватмандтарин афроди Чин қарор гирифт. Дар ин бора хабаргузории Reuters бо такя ба нашрияи тиҷоратии Hurun хабар додааст.
Сарфи назар аз муборизаҳои қонунӣ дар бораи дороиҳо дар ИМА, даромади ҷаҳонии ByteDance дар соли 2023-юм 30% афзуда, ба 110 миллиард доллар расид. Ин омил ба беҳтар шудани сарвати шахсии Чжан мусоидат кардааст.
Вай аз сарватманди дигар Ҷонг Шаншан, ки бозори об дар шишаро дар даст дорад, пеш гузашт. Ҷонг бо коҳиши сарваташ ба 47,9 миллиард доллар ба ҷойи дуввум афтод. Муассиси Tencent Понӣ Ма бо дороии шахсии 44,4 миллиард доллар ҷойи сеюмро гирифт.
Дар муқоиса бо соли гузашта теъдоди миллиардерҳо дар Чин 142 нафар кам шудааст. Раиси Hurun Report Руперт Ҳугеверф инро бо он шарҳ дод, ки он “соли душвор барои иқтисодиёт ва бозори саҳҳомии кишвар буд”.