Телевизиони марказии Чин (CCTV) рӯзи сешанбе хабар дод, ки Чин моҳвораи назорати дурдасти «Гаофен-5»-ро бомуваффақият ба мадори Замин баровард.

Моҳвора ба воситаи як василаи партоби думарҳилаии «Чанчжэн-4C» ба мадори синхронии офтоб бароварда шуд. Оғози парвоз аз истгоҳи парвозии Тайюан сурат гирифт. Ин 32-юмин парвози Чин дар соли равон аст.

«Гаофен-5» бо дурбини баландсифати гиперспектралии кӯтоҳмуддат, детектори газҳои гармхонаӣ, детектори баландсифати инфрасурхи атмосфера ва асбобҳо барои пайгирии падидаҳои гуногуни табиӣ муҷаҳҳаз аст. Ин моҳвора ба мадори синхронии офтоб бо баландии кариб 705 километр бароварда мешавад.

Силсилаи гаофенҳо чун моҳвораҳои назорати дурдаст як қисми барномаи аз ҷониби ҳукумат тасдиқшудаи баландсуръати шабонарӯзии системаи моҳвораи назоратии Заминанд (CHEOS), дар соли 2010 аз ҷониби ҳукумат тасдиқ шудаанд.

Тибқи нақшаи мақомоти Чин, ҳангоми татбиқи CHEOS бояд як системаи моҳвораӣ таъсис дода шавад, ки метавонад аз пайдоиши офатҳои табиӣ ҳушдор диҳад, обу ҳаворо пешгӯӣ кунад, ҳосилро дар минтақаҳои гуногуни Чин арзёбӣ кунад ва инчунин фаъолияти системаҳои обёрӣ ва дурнамои рушди иқтисодии минтақаҳои кишварро баҳо диҳад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь