– Барои мубориза бо коронавирус Чин 2 млрд доллар ҳисса гузоштааст,  аммо ИМА бошад бар зидди коронавирус 10 млрд доллар ҷудо кардааст. Ҳиссаи гузоштаи Чин ба он хисороте, ки ба сари мардуми ҷаҳон расонид, ҳеҷ аст, – гуфтааст котиби давлатии ИМА Майкл Помпео.

Тибқи изҳороти ӯ, ки аз телевизиони “Fox News”  пахш гардид, Чинро мебояд ҷиҳати  мубориза бо коронавирус 9 трлн доллар пул ҷудо кунад.

– Ин вабо, аллакай, ба ҳаёти 90 ҳазор нафар амрикоӣ таъсир кард, аз оғози моҳи март зиёда аз 36 млн нафар амрикоӣ корашро аз даст дод. Дар тамоми ҷаҳон 300 ҳазор нафар фавтиданд. Аз рӯйи ҳисоби мо зарари ин вирус 9 трлн долларро ташкил хоҳад дод, – илова кардааст Помпео.

Гуфта мешавад, ки ИМА барои мубориза бо коронавирус дар ҷаҳон ва коркарди воксин, расонидани ёрии башардӯстони наздик ба 10 млрд доллар пул ҷудо кардааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь