Рӯзҳои 11-12 феврал дар шаҳри Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявии ҷудо миёни бузургсолон баргузор мегардад. Дар ин бора сомонаи расмии Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, мусобиқаи мазкур дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Дар ин мусобиқа, иштироки ҳафт даста аз манотиқи кишвар ва беш аз 250 паҳлавон (230 мард ва 20 бону) дар назар аст.

Чемпионати ҷудои Тоҷикистон барои дарёфти чаҳраҳои нави ҷудоварзони тоҷик ва шомил намудани онҳо ба дастаи мунтахаби ҷудои кишвар замина мегардад.

Расул Боқиев, ҷудокори маъруфи тоҷик, ҳамчун меҳмони фахрӣ дар мусобиқа иштирок мекунад. Ин варзишгар дар Бозиҳои олимпии Пекин-2008, аз намуди ҷудо медали биринҷӣ ба даст оварда буд. Расул чанд соли охир дар Федератсияи Русия ҳамчун мураббӣ фаъолият мекунад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь