Чор муштзанбонуи тоҷик, ки дар Чемпионати ҷаҳон иштирок намуданд, ба ватан баргаштанд. Қаҳрамонии ҷаҳон аз намуди бокс дар шаҳри Деҳлии Ҳиндустон доир шуд, ки барои варзишгарони тоҷик бебарор хатм шуд. Ин мусобиқа аз 16 то 26 март идома дошт.
Сумайя Қосимова (48кг), Рӯҳафзо Ҳақназарова (50кг), Мижгона Самадова (60кг) ва Нилуфар Бобоёрова (63кг) кишвари моро дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ намояндагӣ карданд.
Сумайя Қосимова дар даври аввал муқобили Вафо Ҳофси аз Тунис, бо ҳисоби 4:1 пирӯз шуда, дар даври 1/8 ниҳоӣ аз муштзани Ҳиндустон мағлуб гардид. Миҷгона Самадова дар даври аввал варзишгари Туркия Ориф Олтинро шикаст дод, вале дар даври баъди аз муштзани ҳиндӣ – Жасмине Жасмин бо натиҷаи 3:2 шикаст хӯрд.
Ду варзишгари дигари тоҷик Нилуфар Бобоёрова ва Рӯҳафзо Ҳақназарова дар даври аввали мусобиқа ба шикаст дучор шуда, аз идомаи рақобатҳо бенасиб монданд.
Дар мусобиқаи мазкур беш аз 300 варзишгар аз 65 кишвари олам иштирок намуданд. Бояд гуфт, ки ин 13-умин Чемпионати ҷаҳон миёни бонувон буд. Бори аввал ин мусобиқа соли 2001 дар Амрико баргузор шуда буд. Шаҳри Деҳлии Ҳиндустон бори сеюм ин мусобиқаро мизбонӣ кард. Қаблан, солҳои 2006 ва 2018 низ қаҳрамонии ҷаҳон дар ҳамин шаҳр доир гаштааст.
Давлат АБДУЛЛО