Роҳбарияти МД “ТВ Сафина” сару садоҳоро дар мавриди “суд” шудани чеҳраи Орзу Исоев, мавҷудияти рӯйхати сиёҳ дар телевизион ва ба он шомил кардани журналистро рад мекунанд.
Директори телевизиони “Сафина” Носир Саид дирӯз, 5-уми феврал, дар нишасти матбуотии ниҳодаш гуфт, Орзу Исоев дар масъалаи фаъолият дар телевизион ягон мушкилӣ надорад ва феълан дар идораи тарҷума ва дубляж заҳмат мекашад.
– Орзу Исоев муаллифи чандин проектҳо, аз ҷумла “Эпилог” дар телевизиони “Сафина” аст, ки журналисти ҷавон Фурқати Низом онро амалӣ карда истодааст. Лекин алҳол Орзу Исоев ягон проекти тозаи муаллифӣ пешниҳод накардааст, ки мо онро дар телевизион амалӣ кардан нахоста бошем. Агар ягон рӯйхати сиёҳ мебуд, Орзу Исоев ин қадар вақти зиёд дар телевизиони “Сафина” кор карда наметавонист. Ман гуфта наметавонам, ки худаш намехоҳад, вале ҳозир ба шеърнависӣ машғул аст. Шояд вақти озоди зиёдтар мехоҳад. Баъдан, ба монанди маросими ҷоизасупорӣ проекте ҳаст, ки ҳама гуруҳи эҷодӣ, дар якҷоягӣ онро мегузаронем. Ман Орзу Исоевро нағз медонам, мо аз рӯзи аввал дар телевизиони “Сафина” кор карда истодааст ва то имрӯз якҷоя фаъолият карда истодаем, -гуфт директори МД “Телевизиони Сафина” Носир Саид.
Ёдовар мешавем, ки барномаи охирини муаллифии Орзу Исоев дар телевизиони “Сафина” шоу-барномаи “Маликаи Хушхиром” буд. Ин барномаи тайи ду моҳи ахири соли 2015, шомҳои рӯзи якшанбе дар “Сафина” роҳандозӣ шуда, ҳадафаш тарғиби санъати рақси тоҷик ва дарёфти истеъдодҳо унвон мешуд. Вале барномаи мазкур якбора аз экрани телевизионҳо “ғайб” зад.