Ҳамасола дар моҳи Рамазон нархи маҳсулоти ниёзи аввалия дар бозору фурӯшгоҳҳои вилояти Хатлон баланд шуда, боиси нигаронии сокинон мегардад. Масъулони Раёсати хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва дигар сохторҳо талош доранд, нархи наворо дар бозор муътадил нигоҳ доранд.
Сокинони вилояти Хатлон иддао доранд, ки бо фаро расидани моҳи Рамазон нархи  гӯшт, орд, раған, картошка, пиёз, сабвзавоту меваҷот ва ҳатто шир низ боло рафтааст. Соҳибкоронон дар суҳбат гуфтанд, ҳар маҳсулоте, ки ба он талабот зиёд мешавад, нархаш баланд мегардад. Масалан, пеш аз рамазон нархи гӯшт 85-90 сомонӣ буд, як рӯз пеш аз Рамазон, ки талабот ба он зиёд шуд, нархи он ба 95-100 сомонӣ боло рафт.
Дар ҳамин ҳол сардори Раёсати хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Фирдавси Маҳмасаид гуфт, ки тибқи қарори Ҳукумати кишвар, онҳо 20 намуди маҳсулоти ниёзи аввалияро  назорат мекунанд. Нисбати моҳи пеш танҳо нархи картошка, пиёз ва карам аз 50 дирам то 70 дирам баланд шудаасту халос. “Айни ҳол нархи як кг гӯшт дар бозорҳо аз 85-90 сомонӣ, пиёз аз 1,5 то 4 сомонӣ, сабзӣ аз 2 то 4 сомонӣ, картошка аз 5,3  то 6,3  сомонӣ, як литр равған аз 15-20 сомонӣ, биринҷ 12 то 30 сомонӣ, карам 4 то 6 сомонӣ ва як халта орд аз 250 то 260 сомонӣ арзиш доранд”, – илова кард ӯ. Номбурда гуфт, ниҳоди онҳо ҳама кӯшишро ба харҷ медиҳад, ки дар бозору фурӯшгоҳҳои вилояти Хатлон нархи наворо дар моҳи Рамазон  танзим кунад ва соҳибкороне, ки нархро худсарона баланд мекунанд, ҷарима хоҳанд шуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь