Зиёда аз 60% қувваҳои кориро дар хоҷагиҳои деҳқонии Тоҷикистон занон ташкил медиҳанд, аммо танҳо 24% -и онҳо тавонистаанд билохира то зинаи роҳбарӣ дар ин самт бирасанд. Барои ислоҳи ин ва дигар навъҳои нобаробарӣ дар ҳаёти бонувони русто Кумитаи СММ оид ба CEDAW 30 сол мешавад, ки ба кишварамон роҳҳалҳо пешниҳод мекунад ва то ҷое мо дар ин росто муваффақ ҳам шудаем. Аммо ин созмони байналмилалӣ бовар дорад, ки то ҳол имкони боз ҳам беҳтар кардани вазъ барои занони деҳот вуҷуд дорад.

Конвенсия ва тавсияҳои он

CEDAW Конвенсия дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбати занон мебошад, ки онро Тоҷикистон соли 1993 ба тасвиб расондааст. Мо ба мисли 188 мамлакати ҷаҳон, ки ҳамчунин аъзои ин шартномаи байнмилалӣ ҳастанд, масъулияти аз байн бурдани нобаробариро дар кишварамон ихтиёран ба дӯш гирифтаем.

Конвенсияи мазкур ҳамагӣ аз 30 модда иборат буда, диққати асосии он ба кафолати ҳуқуқҳои иқтисодӣ,  иҷтимоӣ,  фарҳангӣ,  шаҳрвандӣ ва сиёсии бонувон равона шудааст. Яке аз бахшҳои бузурги ин ҳуҷҷат ба ҳуқуқҳои занони русто дахл дорад, чун дар СММ бар он боваранд, ки ҳамин гурӯҳи занҳо бештар аз ҳама дучори маҳдудиятҳо мешаванд ва наметавонанд ба мисли дигарон роҳату осон ҷойгоҳи худро дар ҷомеа пайдо кунанд.

“Агар занон ба андозаи мардон ба манобеи истеҳсолӣ, аз ҷумла замин дастрасии яксон медоштанд, теъдоди афроди гурусна дар ҷаҳон то 17% коҳиш меёфт (тақрибан 150 миллион нафар)”, – мегӯянд дар Созмони озуқа ва кишоварзии СММ (FAO). Ин нукта, ба таъкиди FAO, ба Тоҷикистон ҳам дахл дорад, вагарна ҳоло дар кишвар роҳбарии хоҷагиҳои деҳқонӣ асосан ба зиммаи мардон намешуд.

“Ҳарчанд теъдоди занони роҳбар дар хоҷагии деҳқонӣ ҳамагӣ дар зарфи 10 соли ахир аз 13% то қариб 24% (ҳудуди 38 ҳазор нафар) боло рафта бошад ҳам, аммо то ҳол дар ин росто номутаносибии гендерӣ эҳсос карда мешавад. Ба ин нобаробарӣ ҳамчунин ҷалбшавии ками духтарон ба донишандузӣ дар ин равияҳо таъсир мерасонад. Масалан, дар солҳои хониши 2021/2022 аз шумораи умумии донишҷӯёни коллеҷҳо дар самти кишоварзӣ танҳо 11,4% духтарон буданд. Дар ҳамин давраи таҳсил дар донишгоҳҳои олӣ теъдоди духтарон дар самти мазкур ҳамагӣ 6,3% буд. Ҷалбшавии духтарон ба касбҳои дигари муҳим, ба монанди заминсозӣ, геодезия, картография ва топография ҳам хеле кам буд – 8,7%”, – омадааст дар гузориши алтернативии созмонҳои ҷамъиятии Тоҷикистон оид ба иҷрошавии талаботи CEDAW.

Мутахассиони соҳа бар он боваранд, ки барои таъмини баробарии гендерӣ дар ин самт ба занҳо на танҳо донишҳои замонавӣ бояд дода шаванд, балки техникаи муосири кишоварзӣ ва инфрасохтори нав ҳам пешниҳод гарданд. Зиёда аз ин, онҳо бояд худашон соҳиби замин ва роҳбари кор шаванд, то аз неъматҳову имкониятҳои молӣ тавонанд бевосита ва бидуни дастнигарӣ баҳравар гарданд.

Дар асоси моддаи 14-и CEDAW, ки дар воқеъ, комилан ба ҳифзи ҳуқуқи занони русто бахшида шудааст, айни ҳамин фикр дар яке аз тавсияҳои охири хаттии Кумитаи ҳамноми СММ зикр гардидааст.

“Ҳукумати кишвар бояд барои дастрасӣ ба таҳсил, шуғли расмӣ, ҳифзи саломатӣ, таъминоти иҷтимоӣ ба занони деҳот таваҷҷӯҳи хоса зоҳир кунад ва зиёда аз ин барои молики замин шуданашон чораҳо андешад” – гуфта мешавад дар ин ҳуҷҷат.

Корҳои анҷомдодаи Тоҷикистон

Тавре гуфта шуд, Тоҷикистон бо ин, ки ихтиёран аъзои CEDAW шуд, омодагии худро дар беҳтарсозии вазъи занон дар кишвар, аз ҷумла занони русто нишон дод. Масалан, аз соли 2007 инҷониб роҳандозӣ шудани Барномаи давлатии “Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд”, ки барои ҷавонзанҳои русто ҳам пешбинӣ шудааст, далели пайгирии ин нақшаҳост.

Ба ҷуз ин, аз соли 2006 оғоз карда, дар Тоҷикистон Грантҳои президентӣ барои рушди фаъолияти соҳибкорӣ дар байни занон ҷудо карда мешаванд ва ин грантҳо самти кишоварзиро ҳам дар назар доранд. Агар дар оғози роҳ ҳаҷми умумии грантҳо ҳамагӣ 150 ҳазор сомониро ташкил мекард, ҳоло он на камтар аз 2 миллион сомонӣ буда, ҳамасола 80 зани соҳибкор дорандаи ин навъи дастгирӣ мешаванд.

Зиёда аз ин, соли 1997 Квотаи президентӣ таъсис дода шуд, ки мақсади асосиаш дастгирӣ ва ҷалби духтарону писарони болаёқати деҳоти дурдасти шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, таъмини минтақаҳо бо мутахассисони соҳибкасб ва ба низом даровардани раванди қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ буд.  То имрӯз зиёда аз 13 ҳазор духтар аз ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварро бо квотаи мазкур хатм карданд.

“Стратегияи миллии баланд бардоштани нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” барои расидан ба уҳдадориҳо дар доираи CEDAW низ мусоидат мекунад.

Албатта, тамоми сохторҳои давлатӣ бояд сиёсати гендериро дар кишвар пешбарӣ ва дастгирӣ намоянд, аммо ваколатҳои асосӣ дар ин замина ба Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор шудааст. Инчунин дар ин масъала ба давлат ёрии техникӣ ва барномавӣ аз ҷониби сохторҳои гуногуни СММ, бахусус СММ-Занон (UN Women) фаъолона расонида мешавад.

www.unwomen.org

Матлаб мазкур дар доираи Ташаббуси Нури рӯшноӣ дар Тоҷикистон, ки ташаббуси муштараки Иттиҳоди Аврупо ва Созмони Миллали Муттаҳид барои барҳам додани зӯроварӣ нисбати занон ва духтарон мебошад, бо кӯмаки техникии СММ-Занон таҳия шудааст.  

Андешаҳои дар ин матлаб баёншуда ба муаллифон тааллуқ дошта, мавқеи расмии СММ-Занон, СММ, созмонҳои вобастаи он ё мавқеи Комиссияи Аврупоро метавонад инъикос накунад.

Муаллифи акс: Нозим Қаландаров/ФАО

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь