Иттиҳодияи байналмилалии яхмолакбозӣ (ISU)  нишони тилои тими Русияро дар мусобиқоти дастаии рақси рӯйи ях дар Олимпиадаи соли 2022 бекор кард ва ҷойи сеюмро дод. Ин тасмим пас аз барканоршавии Камила Валиева аз ширкат дар мусобиқоти байналмилалӣ ба далели истифода аз допинг гирифта шудааст.

“Тамоми натиҷаҳои инфиродии Камила Валиева, барномаи кӯтоҳ ва холҳои иҷрои озоди ӯ лағв карда шуданд, ки боиси бознигарии натиҷаҳои мусобиқаи дастаӣ гардид”, – омадааст дар изҳороти ISU.

Пас аз тарҳи имтиёзҳо тими Русия дар мусобиқаи дастаии рақси рӯйи ях дар Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар Пекин 54 имтиёз гирифт (74 имтиёз пеш аз лағв). Дар натҷа Русия пас аз ИМА (65 имтиёз) ва Ҷопон (63 имтиёз) ба зинаи сеюм поин омад.

Дар қарори ISU гуфта мешавад, ки ин ниҳод аз қарори Додгоҳи ҳакамии варзиш (CAS) дар бораи маҳрум кардани Камила Валиева истиқбол мекунад.

CAS 29-уми январ тасмим дар бораи 4 сол маҳрум кардани Камила Валиева аз муобиқотро нашр кард. Муҳлат аз 25 декабри соли 2021, ки он вақт Валиева аз санҷиши допинг нагузашт, оғоз мешавад. Додгоҳ инчунин ҳукм кард, ки варзишгар аз тамоми натиҷаҳои мусобиқа ва ҷоизаҳои пас аз гузаштани санҷиши мусбӣ гирифтааш маҳрум карда мешавад.

Камила Валиева гуноҳашро эътироф намекунад. Ҳимоятгари ӯ иддао дорад, ки триметазидинро бобои варзишгар пас аз ҷарроҳии қалб истифода кардааст. Худи Валиева муътақид аст, ки мавод ба баданаш вақте ворид шудааст, ки вай аз як зарф бо бобояш менӯшидааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь