Тими миллии бонувони Тоҷикистон оид ба футзал дар рақобат бар муқобили дастаи мунтахаби занони Эрон бо натиҷаи бузурги 0 ба 12 мувоҷеҳи шикаст шуд. Набарди дастаҳо шоми дирӯз, 22-юми январ дар чаҳорчӯби бозиҳои даври дуюми мусобиқоти Асосиятсаи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) баргузор гардид.

Бозӣ аз оғоз то анҷом зери назорати футзалбозбонувони Эрон ҷараён гирифт. Шогирдони Шамшод Ниятбеков дар қисми якуми майдондорӣ панҷ гол ба дарвозаи худ сар доданд. Бозингарони тими миллии Эрон имконияти афзун кардани ҳисобро доштанд, вале дар дақиқаи 13-ум дарвозабони дастаи мунтахаби Тоҷикистон Сайёра Саидова пеналтии эрониҳоро баргардонд. Қисми якуми дидор бо ҳамин натиҷа (0:5) ба суди яккачини Эрон хотима ёфт.

Дар нимаи дуюми рақобат бозингарони дастаи меҳмон 7 маротибаи дигар ба дарвозаи Тоҷикистон голзанӣ намуда, натиҷаи бозиро 0:12 карданд. Ҳамин тавр, бозии даври дуюми мусобиқоти САFA оид ба футзал миёни мунтахабҳои бонувони Тоҷикистону Эрон бо 12 голи беҷавоби бозингарони меҳмон хотима пазируфт. Пас аз ин ғалаба тими миллии Эрон 6 имтиёз ба даст оварда, садрнишини ҷадвали мусобиқа боқӣ монд. Тими миллии бонувони кишвар ду бозӣ мешавад, ки пирӯзӣ ба даст оварда наметавонад ва айни ҳол бо доштани 1 хол қаърнишинӣ ҷадвал маҳсуб мешавад.

Бозии дигари ҳамин давр миёни мунтахабҳои занонаи футзали Узбекистон ва Қирғизистон доир шуд ва бо ғалабаи бузурги узбекҳо бо натиҷаи 11 бар 0 хотима ёфт.

Ёдрас мешавем, ки нахустин мусобиқаи қаҳрамонии Ассосиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) оид ба футзал байни дастаҳои мунтахаби занона аз рӯйи системаи даврӣ дар ду марҳила доир мешавад ва дар он яккачинҳои Тоҷикистон, Эрон, Узбекистон ва Қирғизистон барои ба даст овардани унвони қаҳрамонӣ байни ҳам мубориза мебаранд. Дар чаҳорчӯби ин мусобиқа ҳар даста шаш бозӣ мегузаронад ва ғолиб аз рӯйи касби шумораи бештари холҳо муайян карда мешавад.

Ҳамаи рақобатҳо дар Маҷмааи варзишии қасри теннис ва варзишҳои обии шаҳри Душанбе, ки дорои се ҳазор ҷойи нишаст мебошад, баргузор мегарданд. Воридшавӣ ба маҷмааи варзишӣ ройгон аст.

Муҳаммадназар Наҷмиддинов

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь