Шоми дирӯз, 24-уми январ, дар чаҳорчӯби рақобатҳои даври сеюми мусобиқоти футзали CAFA-2022 байни бонувон, дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Узбекистон ба масофи ҳам рафтанд. Вохӯрии дастаҳо дар Маҷмааи варзишии қасри теннис ва варзишҳои обии шаҳри Душанбе доир гардида, бо натиҷаи бузурги 1 бар 8 ба нафъи бонувони Узбекистон ба анҷом расид.

Ҳисоби бозӣ дар нафасҳои аввали нерӯсанҷӣ аз ҷониби футзалбозбонуи узбек Нилуфар Кудратова боз карда шуд. То анҷоми қисми якуми бозӣ духтарони футболбози узбек се маротибаи дигар ба дарвозаи тими миллии Тоҷикистон гол зада, бо пешсафии 4:0 ба танаффус рафтанд.

Дар нимаи дуюми майдондорӣ футзалбозбонувони Узбекистон ҳамлаҳои худро бештар намуда, ба задани чор голи дигар даст ёфтанд. Бозигари тими миллии Узбекистон Мафтуна Шоимова дар ин рақобат се гол ба самар расонида, хет-трикро ба номаш рақам зад. Ягона голи дастаи мунтахаби бонувони тоҷикро Ҷонона Қурбонова дар дақиқаи 15-уми қисмати дуюми набард ба ҳадаф расонд.

Ҳамин гуна, бозии даври сеюми мусобиқаи қаҳрамонии Ассосиатсияи футболи Осиёи Марказӣ миёни бонувони футзалбози Тоҷикистону Узбекистон бо натиҷаи 1 бар 8 бо пирӯзии духтарони узбекистонӣ поён ёфт.

Дастаи мунтахаби Узбекистон баъди ин ғалаба 7 имтиёз ба даст оварда, мавқеи худро дар зинаи дуюми ҷадвали мусобиқа мустаҳкам кард. Дастаи мунтахаби футзали бонувони Тоҷикистон бо доштани 1 хол дар зинаи сеюми ҷадвал қарор дорад.

Ҳамчунин, дар рӯзи сеюми бозиҳои мусобиқоти қаҳрамонии CAFA дастаи мунтахаби футзали бонувони Эрон бо ҳамтоёни худ аз Қирғизистон рақобат карданд. Эрон дар ин набард бо 10 голи беҷавоби худ Қирғизистонро шикаст дода, шумораи имтиёзҳои худро ба 9 расонд ва садрнишини ҷадвали мусобиқа боқӣ монд.

Ёдовар мешавем, ки нахустин Чемпионати футзали Ассосиатсияи футболи Осиёи Марказӣ миёни бонувон то рӯзи 28-уми январ идома меёбад ва дар он ҳар як даста шаш бозӣ анҷом медиҳад. Ғолиби мусобиқа дастае мешавад, ки аз ҳама бештар имтиёз ба даст меорад.

Муҳаммадназар Наҷмиддинов

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь