Дар деҳаи Ёрии ҷамоати Ёрии шаҳри Панҷакент мусобиқаи бузурги бузкашӣ доир гардид, ки дар он аз вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи кишвар садҳо човандозон иштирок карданд. Дар ин бора аз Федератсияи бузкашӣ ва пойгаи шаҳри Панҷакент  иттилоъ доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, дар бузкашии мазкур ҳудуди 500 човандоз аз гӯшаву канори кишвар ва аз кишварҳои Ӯзбекистону Қирғизистон ва  Қазоқистон низ иштирок кардаанд.

Аз ин Федератсия гуфтанд: «Бо баргузории чунин мусобиқот мо мардумро ба ҳам наздик месозем, дӯстиро мустаҳкамтар мекунем ва ҳамчунин таъби мухлисону тамошобинонро болида месозем. Мардуми тоҷик аз қадим бо асппарвариву аспдавонӣ машғул буданд ва асп як ҷонвари бахосият барои мо тоҷикикон дониста мешавад».

Дар мусобиқа барои ғолибон 10 шутур, 18 асп, 25 сар чорвои калон ва инъомҳои пулӣ мукофот гузошта шуда буданд.

Аввалин тӯҳфаро, ки аз 1 уштур, 1 асп ва 1 сар гову 500 сомонӣ иборат буд, аспе бо лақаби «Пайкон», ки соҳибаш Шермуҳаммад Шоҳиён аст, соҳиб гардид.

Мукофоти дуюмро аспе аз шаҳри Қурғонтеппа бо лақаби «Геракл», ки муталлиқи Исмоил Соҳибов аст, ба даст овард, ки он 1 шутур буд.

Асп бо номи «Ханҷари Панҷакент», ки соҳибаш Каримов Раҳмонқул мебошад, 1 шутур, 5 буз ва 5 гӯсфандро «ҳалол» кард.

Аспони «Ракита» аз Кӯлоб, соҳибаш Умед ва «Номуси Хатлон», соҳибаш Фатҳулло Соҳибов, ҳунарнамоии хуб нишон дода, мукофотҳоро соҳиб шуданд.

Дар ин бузкашӣ, аспи дигари Шермуҳаммади Шоҳиён бо лақаби «Спартак» 1 шутур, 5 гов ва 5 бузро соҳиб шудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь