Дар ҷамоати шаҳраки Исмоили Сомонии ноҳияи Кушониёни вилояти Хатлон дар доираи ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатии кишвар бунёди 15 иншооти таъйиноташон гуногун ба нақша гирифта шудаанд, ки баъди ба истифода додани онҳо беш аз 50 нафар бо ҷойи кор таъмин хоҳанд шуд.

Ширинбек Каримов, раиси ҷамоати шаҳраки Исмоили Сомонии ноҳияи мазкур гуфт, ки ҳоло дар маркази ноҳия сохтмони бинои 9-ошёна, ду бинои панҷошёна ва дигар иншоот идома доранд.

Ӯ иттилоъ дод, ки бинои 9-ошёна дорои 48 ҳуҷраи истиқоматӣ ва ду бинои дигар дорои 30 ҳуҷра мебошанд.

Номбурда илова кард, ки ба ҷуз ин ранкунии дигар бинову иншоот, таъмири роҳҳо, шинонидани дарахтони ороишӣ ба нақша гирифта шудаанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь