Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон барои 640 хонада дар ду баст  муассисаи таълимӣ бунёд шуд, ки онро раиси вилоят ифтитоҳ кард.

Бо иштироки раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва ҳайати меҳмонон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и деҳаи Зулмободи ҷамоати деҳоти Шӯрообод, ки дар доираи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шуда буд, мавриди баҳрабардорӣ қарор ёфт.

Қурбон Ҳакимзода ва ҳайати меҳмонон

Муассисаи навбунёд барои 320 ҷойи нишаст дар як баст 13 синфхонаи таълимӣ ва 5 синфхонаи лабораторӣ аз ду ошёна иборат буда, дорои 2 толор, толори варзишӣ ва толори маҷлисгоҳ барои 204 ҷойи нишаст бо маблағгузории филиали раёсати сохтмони асосии вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб сохта шудааст.

Маблағи сохтмони бинои мазкур 10 миллиону 876 ҳазору 600 сомониро ташкил медиҳад.

Муассиса дар маркази деҳаи Зулмобод, ҷамоати деҳоти Шӯрообод ҷойгир буда, аз маркази ноҳия дар масофаи 6 км ҷойгир мебошад. Муассиса дорои 3 майдончаи варзишӣ мебошад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь