Дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон бо харҷи 8 миллион сомонӣ сохтмони мактаб-парваришгоҳи кӯдакони ятиму бепарастор идома дорад, ки раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода аз рафти корҳои сохтмонӣ дар он дидан кард.

Аз бахши меъморӣ ва шаҳрсози МИҲД-и  ноҳияи Вахш ба “Фараж” хабар доданд,  ки  сохтимони мактаб-парваришгоҳи кӯдакони ятиму бепарастор дар ҷамоати деҳоти Рӯдакии ноҳия идома дорад, ки рӯзи 7 июни соли ҷорӣ раиси вилояти Хатлон  Қурбон Ҳакимзода зимни сафари кории худ ба ноҳия аз рафти корҳои сохтмонии он дидан кард.

Иттилоъ дода шуд, ки ин муассиса бо мабалғҳои ташкилоти ҷамъиятии “Эҳёи Сомониён” бо харҷи  8 миллион сомонӣ сохта мешавад, ки дар як вақт барои 240 ҷойи нишаст пешбинӣ гардидаст.

Гуфта шуд, ки мактаб-интернат дорои 6 бино буда, хобгоҳ барои 540 нафар, ошхона барои 480 нафар, меҳмонхона барои 10 нафар, бунгоҳи тиббӣ, майдончаи варзишии футбол ва дигар биноҳҳо мебошад.

Мактаб-парваришгоҳи кӯдакони ятиму бепарастор дар ноҳияи Вахш бо тамоми шароитҳои лозима ва асбобу анҷоми хониш таъмин хоҳад шуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь