Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон шаҳри Бохтар айни замон сохтмони ду муассисаи таълимӣ бо 640 ҷойи нишаст дар як баст идома дорад.

Мудири шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар Шарифзода Шаъмигул гуфт, ки бунёди ду муассисаи таълимӣ ва ду кӯдакистон дар доираи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давалтии кишвар ба роҳ монда шуданд.

Мудири шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар Шарифзода Шаъмигул

– Айни замон сохтмони муассисаи таълимӣ дар шаҳри Бохтар аз ҷониби  Ҷумҳурии мардумии Чин барои 320 хонанда дар як баст идома дорад, – зикр кард номбурда ва гуфт, ки сохтмони муассисаи дигар аз ҷониби як соҳибкори ватанӣ  барои 320 хонанда низ бо маром идома дорад

Мудир афзуд, аз ҷониби соҳибкорони бонангу бономуси ватан сохтмони ду муассисаи томактабии дигар ҳоло дар ҳудуди шаҳр идома дорад ва бояд онҳо дар арафаи ҷашни 30-солагии Итсиқлоли давалтии кишвар мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шаванд.

Қайд карда шуд, ки бояд рӯзҳои наздик аз ҷониби Федератсияи Русия сохтмони як муассисаи таълимӣ барои 1 ҳазору 224 нафар хонанда дар як баст оғоз гардад.

– Баъди мавриди истифода қарор гирифтани муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ шароити таълиму тарбия барои муҳассилин боз ҳам беҳтар хоҳад шуд, – қайд кард Шарифзода Шаъмигул.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь