Дар се соли оянда дар шаҳри Бохтар 18 корхонаи саноатӣ бунёд хоҳад шуд, ки ҳоло дар чанде аз онҳо корҳои сохтмонӣ бо маром идома дорад.
Зимни тасдиқи ин хабар сармеъмори шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Бохтар Ятимзода Валиҷон гуфт, бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Чумҳурии Тоҷикистон доир ба таҷлили ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар, корҳои ободонӣ вусъати тоза мегиранд.
Ба гуфти манбаъ, аз ҳисоби ҳама сарчашмаҳои даромад то соли 2021 дар ҳудуди шаҳри Бохтар 18 корхонаи саноатаӣ бунёд карда мешавад, ки аз ин ҳисоб садҳо сокини шаҳр ва ноҳияҳои атрофи он бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.
Манбаъ гуфт, азимтарин корхонаҳои саноатие, ки дар се соли оянда дар шаҳри Бохтар бунёд мешаванд, ин корхонаи истеҳсоли дучархабарорӣ, корхонаи ҷуроббофӣ, корхонаи коркарди доруворӣ, сардхона, корхонаи меваю сабзавот, корхонаи масолеҳи сохтмонӣ ва дигар корхонаҳои саноатӣ мебошанд, ки дар минтақаи саноатии шаҳр бунёд карда мешаванд. Ятимзода Валиҷон афзуд, ки 90 дарсади корхонаҳои саноатие, ки дар шаҳри Бохтар бунёд карда мешаванд, бо дасгирии соҳибкорони ватанӣ мебошанд.
Раҳмоналӣ Додархӯҷаев