Дар 9 моҳи соли ҷорӣ дар вилояти Хатлон 107 корхона ва коргоҳи саноатӣ бо таъсиси 610 ҷойи нави корӣ ба истифода дода шудааст.
Дар вилояти Хатлон баистифодадиҳии 144 корхона ва коргоҳи саноатӣ ба нақша гирифта шуда, 107 корхона ва коргоҳи саноатӣ бо таъсиси 610 ҷойи корӣ дар самти истеҳсоли гӯшти мурғ, маҳсулоти гӯштӣ, мусалласи ангур, макаронбарорӣ, маҳсулоти нониву қаннодӣ, маҳсулоти пластикӣ, филизӣ, хишти пухта, хишти роҳрав ва хишти қирӣ (сементӣ), собуни хоҷагӣ, моеи зарфшӯӣ, симтӯр, коркарди пахта, мебелбарорӣ ба истифода дода шудаанд.
Илова ба ин, бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли равон бо барқароркунии корхонаи азотии шаҳри Левакант 764 ҷойи корӣ таъсис ёфтааст.
Корхонаҳои хӯроквории шаҳру ноҳияҳои вилоят якҷо бо бахши хусусӣ соли равон ба маблағи 1 миллиарду 159,4 миллион сомонӣ, баробар ба 114,7 фоизи ҳамин давраи соли гузашта, маҳсулот истеҳсол карда, суръати афзоишро ба маблағи 148,4 миллион сомонӣ таъмин кардаанд.
Мувофиқи омори расмӣ, дар ин давра корхонаҳои нассоҷӣ, дӯзандагӣ ва чарму пойафзоли вилоят ба маблағи 1 миллиарду 455,2 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд.
Саноатчиёни вилоят бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда дар 9 моҳи соли равон ба маблағи 7 миллиарду 983,6 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда, ҳаҷми истеҳсолро дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2022 ба маблағи 694,6 миллион сомонӣ зиёд ва суръати афзоишро бо дарназардошти нархҳои қиёсӣ дар сатҳи 9 дарсад таъмин карданд.