Имрӯз дар доираи Фестивали якуми байналмилалии гулдӯзӣ, заргарӣ ва зардӯзӣ дар Бухоро намоишгоҳи “Bukhara fashion days” баргузор шуд. Дар он тарроҳи тоҷик Саидҷалол Махсумов ҳунари дасти хешро ба тамошо гузоштааст. Дар ин бора хабаргузории «Ховар» иттилоъ медиҳад.

Ба зикри манбаъ, дар фестивал зиёда аз 200 зани ҳунарманд, олимон ва донандагони соҳаи санъати миллии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҳунармандон аз 58 кишвари дунё иштирок доранд. Миёни онҳо 110 заргар, 37 устои зардӯз, 44 гулдӯз ва 97 устои соҳаҳои гуногуни ҳунармандӣ ҳастанд.

Дар бинои мадрасаи Кӯкалтош тарроҳон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Туркия корҳои намоёни дастии худро ба маърази тамошо гузоштаанд. Махсусан, тарроҳони мӯд, ба мисли Маҳфуза Салимова, Ирина Шарифова (Узбекистон), Айдархон Калиев (Қазоқистон), Саидҷалол Махсумов (Тоҷикистон), Мирраҳим Опош (Қирғизистон), Асуман Исчинор (Туркия) ва дигар устодони ҳунар коллексияҳои рангоранги ҳунарии худро дар ин фестивал намоиш доданд.

Гуфта мешавад, мақсад аз баргузории фестивал муаррифии васеътари ҳунарҳои миллии мардумӣ, тарғиби шакли нотакрори он, роҳандозии табодули таҷриба дар ин самт миёни устодони ин ҳунар мебошад.

Фестивали байналмилалии гулдӯзӣ, заргарӣ ва зардӯзӣ дар Бухоро 21-уми май оғоз гашта, то 25-уми май идома меёбад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь