Вазири корҳои дохилии Британияи Кабир Суэлла Браверман, ба далели мавқеи мутафовити ҳукумат дар мавриди вокуниши полис ба эътирозҳо, аз мақомаш истеъфо дод.

Вазир ба рӯзномаи The Times тавзеҳи худро дод ва полисро дар мулоимӣ нисбат ба намоишҳои тарафдории Фаластин муттаҳам кард. Вай полиси Лондонро барои ҷорӣ кардани “стандартҳои дугона” дар ҷараёни раҳпаймоиҳои ҷонибдории Фаластин интиқод кард.

Вазифаи вазири умури дохилиро акнун Ҷеймс Клеверлӣ, ки қаблан Вазорати корҳои хориҷиро сарварӣ мекард, ишғол мекунад. Сарвазир Ришӣ Сунак ғайричашмдошт эълон кард, ки Дэвид Кэмерон вазири нави корҳои хориҷа мешавад. Ӯ аз соли 2010 то 2016 нахуствазири Бритониё буд ва пас аз раъйи бритониёиҳо ба тарафдории Brexit, истеъфо дод.

Дар The Times, Браверман полисро дар он айбдор кард, ки нисбат ба эътирозгарони антисемитӣ хеле мулоим аст, дар ҳоле, ки дар дигар эътирозҳо сахтгир буд. Мақола дар Британияи Кабир сару садое ба бор овард ва сарвазир Сунак хостори истеъфои ӯ шуд.

Истеъфои Суэлла Браверман оғози тағйироти фарогиреро нишон медиҳад, ки сарвазир Ришӣ Сунак ҳангоми ироаи “изҳороти тирамоҳӣ” ҳафтаи оянда ба кобинаи вазирон хоҳад кард.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь