Пас аз саврвазир шудани Трасс як қатор ходимони давлатии Бритониё истеъфо доданд. Sky News хабар медиҳад, ки вазири фарҳанги Бритониё Доррис ва дигарон пас аз интихоб шудани Трасс истеъфо доданд.

5-уми сентябр Лиз Трасс рохбари нави ҳизби консервативӣ ва роҳбари хукумати Бритониё гардид. Вай 57,4 дарсади овозҳоро ба даст оварда, аз рақибаш собиқ вазири молия Ришӣ Сунак пеш гузашт.

Вазири фарҳанг, расонаҳо ва варзиши Бритониё Надин Доррис ва шуморе аз мансабдорони дигар дар пайи интихоб шудани Лиз Трасс ба мақоми нахуствазирӣ истеъфо доданд, хабар медиҳад Sky News.

Аз Доррис даъват карда шуд, ки дар вазифаи худ боқӣ монад, аммо вай тасмим гирифт, ки ин вазифаро тарк кунад. Вазири амнияти дохилӣ Стивен Макпартленд ва котиби Девони Бритониё Найҷел Адамс низ истеъфои худро эълон карданд.

Дар ҳамин ҳол, Sky News қаблан қайд карда буд, ки ба далели тағйироти кадрӣ аъзои ҳукумати феълии Бритониё метавонанд ба истеъфо раванд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь