Панҷ корманди давлатӣ ба пайравӣ аз вазири молия ва вазири тандурустии Бритониё бинобар ҷанҷоли марбут ба сарвазир Борис Ҷонсон ва ҳомии ӯ аз вазифаҳои худ истеъфо доданд. Рӯзи сешанбеи 5-уми июл прокурори генералии Англия ва Уэлс Алекс Чак тасмими худро аз тарки вазифа эълон кард.

Баъди аз вазифа рафтани Чак муншии парламентии вазири кор бо Ирландияи Шимолӣ Чонатан Гуллис, муншии парламентии вазири тандурустӣ Сакиб Бхатти, муншии парламентии вазири кор бо Уэлс Виржиния Кросби ва муншии парламентии вазорат нақлиёт Никола Ричардс низ қарори худро аз қатъи анҷоми вазифа дар ин маснадҳо эълом доштанд.

Рӯзи гузашта гузориш шуда буд, ки вазири тандурустӣ Риши Сунак ва вазири молияи Бритониё Саҷид Ҷовид дар пасманзари ҷанҷолҳои марбут ба нахуствазир Борис Ҷонсон ва ҳомии ӯ, муовини собиқи вазири хориҷа Кристофер Пинчер, ки ба озори ҷинсӣ муттаҳам мешаванд, истеъфо додаанд.

Ҷонсон дар навбати худ аз рафтани вазирон изҳори таассуф кард ва ба онҳо барои хидматҳои хубашон сипос гуфт.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь