Бино ба хабари комиссияи интихоботӣ, ки расонаҳои Бразилия интишор кардаанд, Луис Инасио Лула да Силва, президенти пешини Бразилия, дар интихоботи президентӣ пирӯз шуд.

Бар асоси натоиҷи коркарди беш аз 99 дарсади баргаҳо, Лула да Силва – 50,85 дарсади оро, президенти феълӣ Ҷейр Болсонаро 49,15% овозҳоро ба даст овардаанд. ВАО қайд мекунанд, ки дигар имкони пеш гузаштани Болсанаро аз рақибаш нест.

Ҳамин тариқ, Лула да Силва бори сеюм дар карераи сиёсии худ интихоботи президентӣ пирӯз шуд.

Рӯзи якшанбе даври дуюми интихобот баргузор шуд. Бар асоси натоиҷи даври аввал, ки рӯзи 2 октябр баргузор шуд, бразилиягиҳо ба президенти феълии ин кишвар Болсонаро 43,2% ва ба Лула да Силва 48,4% овоз доданд.

Ассошиэйтед Пресс қабл аз даври дуюм қайд кард, ки ҳарду номзад ба ҷуз ваъдаи нигоҳ доштани барномаҳои некӯаҳволии мардуми камбизоат барои ояндаи Бразилия чанд пешниҳод пешниҳод карданд. Ҳамзамон, Болсонаро Лула да Силваро айбдор кард, ки агар ӯ пирӯз шавад, калисоро таъқиб мекунад, маводи мухаддир ва исқоти ҳамлро қонунӣ мекунад. Болсонаро инчунин иддао кард, ки рақибаш имкон дорад ба кори мошинҳои электронии овоздиҳӣ халал расонад ва натиҷаҳои интихоботро тақаллуб кунад. Дар навбати худ, Лула да Силва Болсонаро барои амалҳояш дар мубориза бо COVID-19 ва натавонистани кӯмак ба сокинони ниёзмандтарини кишвар интиқод кард.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь