Субҳи имрӯз дар Бозиҳои олимпии Токио-2020 паҳлавони маъруфи кишвар Темур Раҳимов дар намуди ҷудо муҳориба кард. Темур дар вазни +100кг дар даври аввал бар намояндаи Куба Эндӣ Гранда ғалаба кард, вале дар даври ҳаштякфинал аз варзишгари Гурҷистон Гурам Тушишвилӣ мағлуб шуд.

Ҳамин тариқ, чор нафар ҷудокори тоҷик Сомон Маҳмадбеков (-73кг), Акмал Муродов (-81кг), Комроншоҳ Устопириён (-90кг) ва Темур Раҳимов (+100кг) аз медалҳои Бозиҳои олимпии Токио бенасиб монданд.

Шаббос Негматуллоев (-81кг) ва Сиёвуш Зуҳуров (+91кг) дар муштзанӣ низ аз ҳарифонашон шикаст хурда, аз идомаи рақобатҳо маҳрум гардиданд. Дар ин ришта Баҳодур Усмонов мусобиқаро идома медиҳад. Ӯ дар вазни -63кг дар даври аввал бар намояндаи Доминикан Леонел Сантос Нунез бо ҳисоби 4:1 ғалаба кард ва фардо дар даври 1/8-финал бо Элнур Абдураҳимов (Узбекистон) вомехӯрад.

Имрӯз, ҳамчунин Анастасия Тюрина ва Олимҷон Ишанов дар шиноварӣ ба масофаи 50м, тарзи озод дар даври интихобӣ ба рақобат мепардозанд. Дар варзиши сабук Илдар Аҳмадиев дар дав ба масофаи 100 метр 31 июл дар даври интихобӣ ширкат мекунад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь