28-уми июл дар доираи Бозиҳои олимпии Токио-2020 мусобиқаи ҷудо дар вазни -90кг идома ёфт, ки дар он паҳлавони маъруфи тоҷик Комроншоҳ Устопириён қувваозмоӣ кард.
Комроншоҳ, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм аз намояндаи Фаронса Аксел Клерҷет шикаст хурд. Ҳамин тариқ, Комроншоҳ варзишгари чоруми тоҷик аст, ки Бозиҳои олимпии Токиоро ҷамъбаст карданд. Рӯзҳои қаблӣ Шаббос Негматуллоев дар намуди бокс, Сомон Маҳмадбеков ва Акмал Муродов дар намуди ҷудо иштирокашонро дар чорабинии сатҳи баланди варзишӣ анҷом дода буданд.
Мусобиқаи ҷудо, ки 24-уми июл оғоз шуда буд, то 31-уми июл идома меёбад. 30-юми июл паҳлавони дигари кишвар Темур Раҳимов дар вазни +100кг куштӣ мегирад.
Бозиҳои олимпии Токио-2020 аз рӯи 33 намуди варзиш (50 равияи варзишӣ) ҷараён дорад. Дар ҷадвали ҳисоби медалҳо Ҷопон бо ба даст овардани 11 медали тилло, 4 нуқра, 5 биринҷӣ дар ҷои аввал аст. Амрико бо 10 медали тилло, 10 нуқра ва 9 биринҷӣ дар ҷои дуюм мебошад. Чин бо 10 тилло, 5 нуқра, 8 биринҷӣ, Русия бо 7 тилло, 7 нуқра, 4 биринҷӣ, Австралия бо 6 тилло, 1 нуҷра, 9 биринҷӣ дар панҷгонаи аввал мавқеъ гирифтаанд.