Дирӯз, 21.11.2021, дар чаҳорчӯби рақобатҳои даври дуюми мусобиқоти Ассотсиятсаи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), тими миллии наврасони то 15-солаи Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Эрон ба масофи ҳам рафтанд. Набарди тимҳо дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри душанбе баргузор гардида, бо натиҷаи мусовии 1:1 ба анҷом расид. 

Ҳисоби бозӣ дар дақиқаи 7-ум бо голи задаи футболбози эронӣ Алӣ Раҳмоннажод кушода шуд. Баъди 10 дақиқа футболбозони навраси тоҷик тавассути голи задаи Абубакр Сулаймонов аз зарбаи пеналтӣ ба голи бозигарони Эрон ҷавоб гуфтанд. Бо вуҷуди он ки футболбозони ҳарду даста имкониятҳои хуби голзанӣ доштанд, вале то охири рақобат ба ҳеҷ яке аз онҳо афзун намудани ҳисоб даст надод. Дар дақиқаи 62-юми вохӯрӣ бозигари тими милли мо Масъудшоҳ Абдулаҳадов бо сабаби дағалона вайрон кардани қоидаи бозӣ, аз ҷониби довар бо корти сурх ҷазо дода шуд ва майдонро тарк кард. Дар идома миллипӯшони навраси тоҷик бозиро даҳнафара давом доданд. Аммо чуноне ки қайд кардем, ҳисоби бозӣ то охир бетағйир боқӣ монд. Беҳтарин бозингари ин дидор футболбози навраси тоҷик Абубакр Сулаймонов дониста шуд. Баъди ин мусовӣ дастаҳои наврасони Тоҷикистону Эрон 4-имтиёзӣ касб намуда, мутаносибан дар зинаҳои якум ва дуюм қарор гирифтанд. Тими милли наврасони зери 15-солаи Тоҷикистон бо таносуби бештари тӯбҳо дар зинаи аввал аст.

Дар бозии дигари ҳамин давр дастаи мунтахаби наврасони Қирғизистон, ки дар бозии аввал аз наврасони мо бо ҳисоби калони 5:0 шикаст хӯрда буданд,  бо ҳамтоёни узбеки худ рӯбарӯ шуданд. Дар ин набард дастаҳо ба дарвозаи якдигар ду тӯбӣ зада, бо натиҷаи мусовии 2:2 бозиро ҷамъбаст карданд.

Рӯзи 23-юми ноябр, дар даври ниҳоии рақобатҳо ҷавонони мо бо ҳамсолонашон аз Узбекистон нерӯ месанҷанд. Бозии мазкур соати 15:00 дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе оғоз меёбад.

Бояд тазаккур дод, ки мусобиқоти  CAFA-2021 байни мунтахабҳои наврасони то 15-сола аз рӯйи системаи даврӣ дар як марҳила баргузор мегардад. Дастае, ки соҳиби имтиёзи бештар мешавад, ғолиби мусобиқа мегардад.

Муҳаммадназар Наҷмиддинов

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь