Милитсияи шаҳри Душанбе иттилоъ медиҳад, ки хабари дуздида шудани кӯдаки навзоди 2-моҳа дар ҳудуди Дармонгоҳи тиббии шаҳрии рақами 13 (собиқ дармонгоҳи №1) ба унвони ин инҳод ворид гардидааст.

Бо расидани хабар гурӯҳи фаврӣ-тафтишотии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз ҳисоби кормандони самтҳои фаврию тафтишотӣ ва криминалистика сафарбар гардида, гумонбаршавандаро берун аз ҳудуди пойтахт муайяну дастгир карда, кӯдаки навзоди 2-моҳаро саломат дарёфт кардаанд.

Гумонбаршаванда ҷавонзани 29-сола Ахмедова Нигора Рустамҷоновна, соли таваллудаш 1992, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ, ҷамоати деҳоти Чортеппа, деҳаи Кампирқалъа буда, зимни қарордошт дар дохили Дармонгоҳи тиббии шаҳрии рақами 13-и шаҳри Душанбе кӯдаки навзоди 2-моҳаро аз модараш барои нигоҳубини яклаҳзаина қабул ва сипас аз набудани модари кӯдак истифода карда, кӯдакро ба самти номаълум бурдааст.

Айни ҳол нисбат ба гумонбаршаванда Нигора Ахмедова тибқи талаботи моддаи 130 (одамрабоӣ)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, барои муайян кардани сабабу ҳадафҳои ҷиноят ва даст доштани дигарон дар содир кардани ҷинояти мазкур чорабиниҳои тафтишӣ идома доранд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь