Аз ҷониби кормандои милитсия директори филиали ҶСК «Соҳибкорбонк» ва собиқ директори ҶСП “Тоҷикпродбонк” барои қаллобӣ ба маблағи калон боздошт шудаанд. Дар ин бора маркази матбуоти ВКД хабар дод. 

Ба мақомоти корҳои дохилӣ марди 44-солаи сокини ноҳияи Исмоили Сомонӣ муроҷиат кардааст, ки моҳи марти соли 2014 марди 48-солаи сокини кӯчаи Қазоқони пойтахт, директори филиали ҶСК “Соҳибкорбонк”, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 660 000 долларро гирифта, то ҳол барнагардонидааст.

Гумонбаршуда аз ҷониби кормандони милитсия дастгир гардида, корҳои тафтишотӣ дар ин самт давом доранд.

Зимни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсияи ноҳияи Файзобод марди 38-солаи сокини шаҳри Ваҳдат, собиқ директори ҶСП “Тоҷикпродбонк” ҳамчун гумонбар дар қаллобӣ дастгир карда шудааст. Номбурда, 22-декабри соли 2014 аз ҶСП “Тоҷикпродбонк”-и ноҳияи Файзобод ба номи падараш, марди 61-солаи сокини шаҳри Ваҳдат, шартномаи қарзӣ тартиб дода, 120000 сомонӣ барои рушди фаъолияти соҳибкорӣ ба муҳлати 24 моҳ қарз гирифта, маблағро то ҳол барнагардонидааст.

Аз рӯи ин ҳолат парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь